ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ГУЗАРОНИДАНИ ОМӮЗИШИ ЯКРӮЗА БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ “СУҒД”, СОҲИБКОРОН ВА БРОКЕРҲОИ ГУМРУКӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
24 сентябри соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» омӯзиши якрӯза барои субъектҳои МОИ “Суғд”, соҳибкорон ва брокерҳои гумрукии МОИ “Суғд” баргузор гардид.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) «Мусоидат ба идоракунии самаранокии марз тавассути ҷорӣ намудани мафҳуми амнияти инсонӣ дар хонаводаҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» баргузор шуд ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши иштирокчиён оид ба ҷанбаҳои танзимкунанда ва амалии фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Ҳадафи асосии омӯзиш такмили донишу малакаи субъектҳои МОИ “Суғд”, соҳибкорон ва брокерҳои гумрукӣ дар самти ба расмиятдарории гумрукӣ, низоми андозбандӣ, талаботи меъёрӣ, хизматрасонӣ ба мизоҷон ва роҳҳои самараноки ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук мебошад.
Семинарро намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва тренерони Агентии SMART бо суханрониҳои ифтитоҳии худ оғоз намуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар доираи панҷ сессияи омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Сессияи якум — «Қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Сессияи дуюм — «Гумрук ва низоми андози МОИ: ҷанбаҳои амалӣ ва ҳамкорӣ бо гумрук».
Сессияи сеюм — «Муомила бо мақомоти гумрук: чӣ тавр муколамаи муассирро ба роҳ мондан мумкин аст».
Сессияи чорум — «Оинномаи хизматрасонӣ ба мизоҷон».
Сессияи панҷум — «Брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ барои субъектҳои МОИ».
Дар доираи сессияҳо иштирокчиён бо ҷанбаҳои амалии татбиқи расмиёти гумрукӣ ва андозӣ, талаботи қонунгузорӣ, усулҳои самараноки муошират ва ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук, инчунин имкониятҳои рушди хизматрасонӣ, брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ шинос гардиданд.
Баргузории чунин омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва касбии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, беҳтар намудани ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти муҳим дорад.
 
 
 
 
 
loading