
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ «СУҒД»
Санаи 16 сентябри соли 2026 ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзу имкониятҳои МОИ “Суғд” маълумот пешниҳод намуданд.
Сипас ҳайати меҳмонон аз кору фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва Маркази агрологистикӣ дидан намуданд.


