
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «СУҒД» ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ КИШВАРҲОИ АВРУОСИЁ”.
Санаи 27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Форуми байналмиллалии “Рақамикунонии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё” баргузор гардид.
Дар кори форум намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, коршиносон ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун ва соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон зимни суханронии худ доир ба рақамикунонии маъмурии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва нақши он дар рушди минбаъдаи минтақаҳоро иброз дошт, ки рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳими рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ метавонад раванди идоракунӣ ва хизматрасониҳоро шаффофу босуръат гардонад.
Дар суханронӣ таҷрибаи МОИ «Суғд» дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, табодули электронии маълумот, рақамикунонии равандҳои дохилии маъмурӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа муаррифӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки ташкили муҳити ягонаи рақамӣ барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад барои коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, кам намудани хароҷоти соҳибкорон, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти субъектҳо ва ҷалби бештари сармоягузорон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамчунин, дар доираи форум мубодилаи таҷриба миёни намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ниҳодҳои марбутаи кишварҳои Авруосиё сурат гирифта, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонӣ баррасӣ шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кори Форум байни Роҳбарияти МОИ ” Суғд” ва чор субъектҳои нави МОИ “Суғд” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Инчунин аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин содироткунандагон ва истеҳсолкунандагони фаъоли субъектҳои МОИ “Суғд” -ҶДММ “Сайр Суғд”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Реал”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ ” Азияполитекс” бо диплом ва ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Иштироки Маъмурияти МОИ «Суғд» дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории минтақа, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.



















