БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД”

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД”

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД”

 
Дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо иштироки намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд, Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектҳои МОИ «Суғд» семинар-машварат доир ба иҷрои риояи муқаррароти қонунгузории андоз дар фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва муаммоҳои ҷойдошта марбут ба пешниҳоди эъломияи андоз аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ сухани ифтитоҳиро муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Нуруллозода З.Н., оғоз бахшида, намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва нозироти андоз дар шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ҳамзамон доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати андозии субъектҳо, шарҳу тавзеҳи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, тартиби истифодаи имтиёзҳои андозӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ва баррасии масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” маъруза намуд.

Сипас, муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Саъдуллоев Ҳабибуллоҳ зимни суханронии худ, оид ба қонунгузории андоз, тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои андоз, истифодаи хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз, эъломияи андоз ва риояи уҳдадориҳои андозсупорандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идомаи чорабинӣ миёни намояндагони мақомоти андоз ва субъектҳои МОИ «Суғд» мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

Маъмурияти МОИ «Суғд» баргузории чунин семинар-машваратҳоро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, минбаъд низ идомаи онҳоро ба нақша гирифтааст.

 
 
 
loading