
ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВБАТИИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ОСМОНИ ОРЗУҲОИ СУҒД”
Санаи 2-юми июли соли 2026 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Осмони Орзуҳои Суғд” ба қайд гирифта шуд, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар фазои тантанавӣ Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхонаи мазкур Қурбонов Фирӯз Маҳмадалиевич супориданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби сармоягузори Ҷумҳурии мардумии Чин хонум Менг Мин таъсис дода мешавад. Самти фаъолияти корхона ба истеҳсоли батареяҳо барои дучарха ва сечархаҳои барқӣ равона гардидааст, ки ба ин намуди мол имрузҳо дар бозор талабот бештар мебошад.
Тадбиқи лоиҳаи мазкур дар оянда ба рушди истеҳсоли МОИ “Суғд”, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Сипас, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбӣ таманно намуда, вобаста аз имкониятҳои мавҷуда баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.





