
ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 24-уми марти соли 2026 дар Маъмурияти МОИ “Суғд”, Иди байналмилалии Наврӯзро аҳли кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ “Суғд” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Ба муносибати ин ҷашни бостонӣ дар саҳни бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” чорабинии идона баргузор гардид, ки нахуст Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳамагонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуданд.
Дар доираи барномаи идона намоиши таомҳои миллӣ, дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар чорабинӣ зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстиву созандагӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамчунин, барномаи фарҳангии аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ пешкаш гардида, фазои идонаро боз ҳам гарму самимӣ намуд.










