
ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ТЕРМОДИНАМИКА СУҒД”
Санаи 26 феврали соли 2026 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Термодинамика Суғд” ба қайд гирифта шуд, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар фазои тантанавӣ Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхонаи мазкур Хуҷамқулов Муҳамадӣ Эсанович супориданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби сармоягузоронӣ ватанӣ ба маблағи 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА сармоя таъсис дода мешавад. Самти фаъолияти корхона ба истеҳсоли яхдон ва таҷҳизоти сардкунанда, инчунин дар оянда ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ равона мегардад.
Тадбиқи лоиҳаи мазкур дар оянда ба рушди истеҳсоли МОИ “Суғд”, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат менамояд.
Сипас, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба Роҳбари ҶДММ “Термодинамика Суғд” барору комёбӣ таманно намуда, баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.



