Иштироки роҳбари МД Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми байналмилалии “Dushanbe Invest 2025”

Иштироки роҳбари МД Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми байналмилалии “Dushanbe Invest 2025”

Иштироки роҳбари МД Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми байналмилалии “Dushanbe Invest 2025”

 
Санаи 14-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони “Dushanbe Invest 2025” баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳим, ки бо ҳузури намояндагони сохторҳои давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ баргузор шуд, роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии форум “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯз барои ояндаи устувор” сиёсати стратегии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, аз лиҳози экологӣ масъул ва рақамӣ таҷассум месозад.
Форум аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе ва дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода мешавад.
Форум ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, пешбурди технологияҳои сабз ва роҳу воситаҳои ҳаллу фасли рақамӣ, табодули таҷриба оид ба ҷорисозии ESG-моделҳо ва рушди робитаҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ равона шудааст.
Дар форум масоили сармоягузориҳои сабз, рушди устувор ва табдилёбии рақамии иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Дар доираи форуми мазкур миёни Маъмурияти МОИ “Суғд” ва ширкати «Имрузи Бойгари Сармоягузории Сабз» меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳадафи асосии ин санад густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармоягузории мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” мебошад.
 
 
 
loading