
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ ЯКУМИ “КОРГОҲИ МОЗИ” ОИД БА ҲАМКОРӢ БАЙНИ СОҲАИ САНОАТ ВА ДОНИШГОҲ
Санаи 25 сентябри соли 2025 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Форуми якуми Коргоҳи Мози оид ба ҳамкорӣ байни саноат ва донишгоҳ баргузор гардид. Дар форуми мазкур намоянда аз Маъмурияти МОИ “Суғд” сармутахассиси шӯъбаи МБ ва ҶС, Ҳалимбойзода О., ва мутахассиси пешбари шӯъба Раҳимова У иштирок намуданд. Дар кори форум муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, Котиби Кумитаи Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Халқии Чин дар Донишгоҳи педагогии Шенян, Чин профессор Ҷианг Фенгчун ва намояндагони донишгоҳҳо ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Тибқи барномаи Форум намояндаи Маъмурияти МОИ “Суғд” Раҳимова Умеда, тариқи муарифинамоӣ (презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Дар охир ба намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд”, аз ҷониби ҳайати роҳбарикунандаи Форум, Шаҳодатномаи байналмиллалии беҳтарин иштирокчӣ тақдим карда шуд.