
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС БА МОИ “СУҒД”
Санаи 17 сентябри соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» соҳибкорони Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Армен Ч. ва Эдем К., бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта доир ба фаъолият ва имтиёзҳои Маъмурияти МОИ “Суғд” маълумоти муфассал доданд. Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ Раҳимова У, тариқи муарифинамоӣ (презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид. Меҳмонон доир ба фаъолият, афзалият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба худ маълумоти аниқ гирифтанд ва баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро иброз доштанд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ҳамсӯҳбат шуданд. Ҳамчунин дар охир ҷонибҳо ҳамдигарро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.