ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ  ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

 

 

8 июли соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қмирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.

Изҳор гардид, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза низ ба ғанигардонии муносибатҳои дуҷониба бо мазмуни нави амалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Зимни муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорию тиҷоратӣ ҳавасмандии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.

Вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байниминтақаҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ карда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар қонунгузории мо барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар ҷодаи сармоягузорӣ ин тавсеаи тиҷорат мутобиқ ба тамоюлҳои ҷаҳонии рушди иқтисоди “сабз” мебошад.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуда, бо намояндагони соҳибкории Ҷумҳурии Қирқизистон дидору мулоқотҳои созандаро баҳри ояндаи нек анҷом дод. Зимни гуфтушунидҳои дуҷониба, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии МОИ “Суғд”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” омодагии худро баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ бо доираи намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон баён намуд.

 

  

  

loading