
ТАШРИФИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОЭКОЛОГИЯ ВА ТУРИЗМИ МДТ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ БА МОИ “СУҒД”
Санаи 16-уми июни соли 2025 ташрифи донишҷӯёни факултети геоэкология ва туризми МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Донишҷӯёнро муовини Роҳбари Маъмурият Ҳакимов Н.А. дар маҷлисгоҳи Маъмурият пешвоз гирифтанд. Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова У. дар бораи МОИ “Суғд” тариқи презентатсия маълумот пешниҳод намуд.
Ҳадафи ташрифи донишҷӯён ба МОИ “Суғд” шиносоӣ ва мукаммал гардонидани маълумотҳо дар бораи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз донишҷӯён бо якчанд субъектони МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ “КФ Фортуна-Ко” аз наздик шинос шуда, доир ба фаъолияти корхонаҳои мазкур маълумот гирифтанд. Дар охир донишҷӯён миннатдории хешро ба Роҳбарияти МОИ “Суғд” баён намуданд.