Иштироки намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” якҷо бо субъектони фаъоли худ ба маросими расмии Хl Ярмаркаи байналмиллалии савдо таҳди унвони “Суғд 2025”

12 июни соли 2025 дар Қасри варзиши шаҳри бостонии Хуҷанд маросими расмии ифтитоҳи ёздаҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо таҳти унвони «Суғд – 2025» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳузури масъулини мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, сармоягузорӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар суханронии худ иброз намуд, ки баргузории чунин ярмаркаи сатҳи байналмилалӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи тақвияти иқтисоди минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби сармоя ба иқтисоди вилоят мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ярмаркаи байналмиллалии савдо Суғд-2025 субъектони фаъоли МОИ Суғд аз ҷумла ҶДММ “Сайёҳи Суғд “, ҶДММ “Саманди Суғд “, ҶДММ ” Тоҷпанел, ҶДММ “Стар пласт “, ҶДММ “Реал” , ҶДММ “Азияполитекс “, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел “, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко ” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя ” иштироки фаъол намуда бо маҳсулоти хушсифати худ диққати тамошобинонро бештар ба худ ҷалб намуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи баргузории Ярмаркаи байналмиллалии савдо Суғд-2025 санаи 13 июн байни субъекти МОИ Суғд ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Подосиновский”-и вилояти Кировскии Федератсияи Россия Ёддоши тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки ин гувоҳи ташаккули муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мебошад.
   
loading