ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ЭРОН ТАҲТИ РОҲБАРИИ РОҲБАРИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ МУШТАРАКИ БОЗОРГОНИИ ЭРОНУ ТОҶИКИСТОН МУҲАММАД АМРОНӢ БА МОИ “СУҒД”

    Ҳамзамон санаи 11 июни соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии роҳбари ҳайати намояндагони муштараки бозоргонии Эрону Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

   Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта,  доир ба афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки имрузҳо бо ташаббуси бевоситаи сарони ду давлат муносибатҳои иқтисодӣ торафт тараққӣ ёфта истодааст ва Маъмурияти МОИ “Суғд” низ дари худро барои сармоягузорони ҳамзабону ҳамфарҳанг боз намудааст. Меҳмонон аз имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва макони ҷойгиршавии минтақа аз наздик шинос шуда хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.

    Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “Азияполитекс”, ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг пластик” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.

loading