
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ КИРОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ ДИРЕКТОРИ АНО “МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ СОДИРОТ” ХОНУМА ПОГЛАЗОВА ЕЛЕНА ВИКТОРОВНА БА МОИ “СУҒД”
Санаи 11 июни соли 2025 дар ҳошияи баргузории Ярмаркаи байналмиллалии савдо “Суғд-2025” ки санаҳои 12-14 июнро дар бар мегирад, ба Маъмурияти МОИ «Суғд» ҳайати намояндагони вилояти Кировски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Директори АНО “Маркази дастгирии содирот” хонума Поглазова Елена Викторовна бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро истиқбол намуда, доир ба афзалият ва имтиёзҳои гумрукию андозӣ маълумоти муфассал доданд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг пластик” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ҳамсӯҳбат шуданд.