САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ТЮМЕНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ТЮМЕНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ТЮМЕНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

 
Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тюмен мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба таъкиди ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғду Тюмен соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкориҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода изҳор дошт, ки вохӯрии имруза заминаи мусоид барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ду минтақа мегардад. “Мо имкони таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти равобити тиҷоратиро дорем. Вилояти Суғд дорои иқтидори бузурги саноатӣ ва кишоварзист, ки метавонад ба вилояти Тюмен ҳамкории судманд дошта бошад”,- таъкид кард Раҷаб Аҳмадзода.
Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор зимни баромади худ афзуд: “Вилояти Суғд намунаи равшани рушди босуръати саноату кишоврзист . Мо итминон дорем, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегие, ки аз ҷониби сарони давлатҳоямон муайян шуданд, минтақаҳои мо метавонанд дар таҳкими равобити миёни Тоҷикистону Россия саҳми босазо гузоранд”.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тюмен ҳайати вилояти Суғд аз маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳи боздид анҷом доданд.
  
  
 
loading