
Ташрифи намояндаи ширкати “Niko”- и шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Чин ҷаноби Пинг Хуей ба Маъмурияти МОИ “Суғд”
Санаи 29 апрели соли 2025 намояндаи ширкати “Niko”- и шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Чин, ки истеҳсоли панелҳои офтобиро ба роҳ мондааст, бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф овард.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро истиқбол намуда, доир ба афзалият ва бартариҳои МОИ “Суғд” ҳамчунин субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ дар МОИ “Суғд” таъсис дода шуданд, маълумоти мушаххас доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳои худ гуфтушунид намуданд ва ҷаноби Пинг Хуей дар бораи лоиҳаи худ, ки ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ равона гаштааст, маълумоти мушаххас дода, оиди дар оянда иқдоми субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуд.