
Форуми байналмилалии сайёҳии “Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим”
Санаи 18-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд дуюмин Форуми байналмилалии сайёҳии “Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим” баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳии 10 давлати дунё–Тоҷикистон, Туркманистон, Руссия, Чин, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Юнон иштирок намуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон пас аз иштирок дар Форум, иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии “Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим”-ро аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” шинос намуданд.
Меҳмонон зимни шиносоӣ бо санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гачкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, буриш ва ғайра, ки дар 5 толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидааст, ба ҳунари волои ҳунармандону устоҳои чирадасти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Бояд қайд намуд, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд ба пешниҳоди меҳмонон гардонида буд, ки дар қатори корхонаҳои мазкур молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла ҶДММ “Сайёҳи Суғд” ҷой дошт, ки диққати меҳмононро бештар ба худ ҷалб намуд.