Вохӯрии Муовини сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд бо шахсони масъули МОИ “Суғд”

Вохӯрии Муовини сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд бо шахсони масъули МОИ “Суғд”

Вохӯрии Муовини сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд бо шахсони масъули МОИ “Суғд”

Санаи 11.04.2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар самти таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” дар толори МТҒ “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ” бо иштироки Муовини сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд Раҷабзода Бибираҷаб, Корманди Раёсат Расулзода Нигора ва намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд”, ҳамчунин масъулони субъектҳои МОИ “Суғд” якҷо бо донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ” мулоқот доир гардид.
Сипас Муовини сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд Раҷабзода Бибираҷаб вобаста ба паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ аз қабили русиву англисӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа суханронӣ намуданд.

loading