
Ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Тотористон ба Маъмурияти МОИ “Суғд”
Санаи 4 апрели соли 2025 ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Тотористон, Муовини Сарвазир- Вазири кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ Зяябаров Марат Азатович, Ёвари Раиси Ҷумҳурии Тотористон оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ Бакиров Газинур Тулигатович ва Муовини Сарвазир Лернер Герман Янович ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” пешвоз гирифтанд. Сипас ба меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (презентатсия) дар бораи афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас дода шуд.



