
Шанбегӣ дар МОИ “Суғд”
Санаи 15 марти соли 2025 бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву покиза нигоҳ доштани ҳудуди биноҳои МОИ “Суғд” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” фаъолона иштирок намуда, баҳри тозагӣ ва кабудизоркунии ҳудуди МОИ “Суғд” саҳми назарраси худро гузоштанд. Ҳамчунин гирду атроф, роҳҳои мошингард ва ҷӯйборҳои ҳудуди МОИ “Суғд” аз партовҳо ва алафҳои хушкшуда тоза карда шуда, 120 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуд.