
Ташкили шанбегии дастаҷамъона дар МОИ “Суғд”
Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” тибқи супориши Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, бахшида ба истиқболи иди байналмиллалии Наврӯз ва ҳамчунин ташрифи меҳмонони олиқадр (Президентҳои сарони давлатҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ба шаҳри бостонии Хуҷанд корҳои ободонию кабудизоркуниро дар ҳудуди МОИ “Суғд” ташкил намуда, ҳар ҳафта шанбегиҳоро гузаронида истодааст. Санаи 1 уми феврали соли 2025 таҳти Роҳбарии Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо аҳли кормандони Маъмурият ва ҳамчунин субъектони минтақа шанбегӣ доир карда шуд. Дар шанбегии мазкур зиёда аз 250 ниҳолҳои ҳамешасабз дар шафати роҳи автомобилгарди дохилии минтақа шинонида шуд.