ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ МНМОҶТ – МАВСУМА МУИНӢ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ МНМОҶТ –  МАВСУМА МУИНӢ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ МНМОҶТ – МАВСУМА МУИНӢ БА МОИ “СУҒД”

Санаи 25 октябри соли 2024 тибқи ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Каҳҳорӣ ва намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пулотова ташриф оварданд.
Муовини Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Насимҷон меҳмононро хуш пазируфта, дар толори маҷлисгохи МТҒ “Донишкадаи хизматрасонӣ ва саноат” вохӯрӣ бо роҳбарону намояндагони субъектҳои минтақа ва донишҷӯёни ин донишкада бо иштироки зиёда аз 100 нафар иштироккунандагон гузаронида шуд.
Мавсума Муинӣ зимни мулоқот доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Зимнан, таъкид намуданд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Илова бар ин, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, даъват намуданд, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем, баҳри вусъат бахшидани саноатикунонии кишвар, пешрафти соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми босазои худро гузорем.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Дар охир Мавсума Муинӣ бо намояндагону роҳбарони субъектҳо ҳамсуҳбат гардида, тамоми иштирокдорони вохуриро бо идҳои давлатии дарпешистода Ҷашни 30 – солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Парчами давлатӣ табрик гуфта, барои иштирок арзи сипос намуд.
loading