ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ – СОДИРОТӢ “ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2024”

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ – СОДИРОТӢ  “ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2024”

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ – СОДИРОТӢ “ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2024”

Санаҳои 17 – 18 октябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – содиротӣ  «Хатлон инвест ва Намоишгоҳи Бохтар Фуд – 2024» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва роҳбарону намояндагони субъектҳои он, инчунин  муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуданд.

 

Дар кори Форум беш аз 800 нафар роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, намоянадгони шарикони рушд иштирок намуданд.

Форум бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оғоз гардид.

 

Ҳамзамон дар доираи Форуми мазкур бахши алоҳида дар мавзӯи «Пешбурди истеҳсолоти инноватсионӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори бахш имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳамияти он муаррифӣ гардид. Ҳамзамон дар кори бахш маърӯзаҳо аз ҷониби намояндагони кишварҳои хориҷӣ тариқи маҷозӣ дар самти таҷрибаи муваффақи рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ шунида шуд.

Зимни ба имзо расонидани панҷ санади ҳамкорӣ дар ҳаҷми 32 миллион доллар байни маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ субъекти МОИ “Суғд” ҶДММ “Донаи Алмос” бо сармоягузорони Туркия ширкати “Мега Нут” меморандум ба миқдори 1,5 млн доллари ИМА ба имзо расонид.

Инчунин, дар доираи Форум  ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии содирот якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд гузаронида шуд, ҷоизаҳои озмун супорида шуданд. Субъекти МОИ “Суғд” ҶДММ “Донаи Алмос”, роҳбари он Қулова Озодамоҳ дар озмуни мазкур сазовори ҷоизаи “Содироткунандаи беҳтарини сол”  гардид.

 

 

loading