БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БОР ДАР МОИ “СУҒД”
13 сентябри соли ҷорӣ, Фазл Хан Марват – менеҷери минтақавии ширкати байналмилалии логистикӣ Pyramid Logistics and Trading, ки сардафтараш дар ш. Карочии Покистон воқеъ аст ба МОИ “Суғд” ташриф овард.
Ширкати мазкур намояндагӣ дар ш. Душанбе дошта, бо корхонаву ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии маҳаллӣ дар соҳаи логистика ҳамкорӣ менамояд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарияти МД Маъмурияти МОИ “Суғд” сараввал фаъолият ва имконияту афзалиятҳои МОИ муаррифӣ карда шуда, баъдан доир ба имкониятҳои ташкили ҳамлу нақлу маҳсулоти дар МОИ истеҳсолшуда, ба кишварҳои ҳамҷавор ва наздики дур, ҳамчунин дарёфт ва дастраскунии хомашё, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии зарурӣ аз мамлакатҳои хориҷӣ ба субъектҳои минтақа баррасӣ карда шуданд. Сипас, Роҳбари Маъмурият – Муҳаммадзода Муҳаммад Султон чунин қайд намуд, ки дар МОИ “Суғд” аллакай омӯзиши масъалаи амалисозии лоиҳаи бузурги маркази логистикӣ бо кӯмаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва таъсиси корхонаи коркард ва консервкунии маҳсулоти гӯштӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия ҷараён дорад, ки дар сурати амалӣ гаштани лоиҳа ба Pyramid Logistics and Trading низ ҷиҳати дарёфт ва дастраскунии таҷҳизоти зарурӣ, хомашё ва шарикон барои ҳамкорӣ муроҷиат карда мешавад. Ҳамчунин, дар асоси натиҷаи ин вохӯрӣ, ба субъектҳои МОИ “Суғд” доир ба самти фаъолияти ширкати Pyramid Logistics and Trading маълумот барои роҳандозии ҳамкорӣ дастрас мегардад.
Дар охири сӯҳбат ҷаноби Фазл Хан Марват барои вохӯрӣ ва гуфтушуниди муфид изҳори миннтадорӣ намуда, чунин қайд намуд, ки дар оянда аз маводҳои иттилоотии МОИ “Суғд” ҷиҳати муаррифии фаъолият ва афзалиятҳои он ба гурӯҳҳои соҳибкорию сармоягузории доираҳои шарик, бо умеди ташкили ҳамкории судманд истифода мебарад.