БАҚАЙДГИРИИ СУБЪЕКТИ НАВ – ҶДММ «САМАНДИ СУГД» ДАР МОИ «СУҒД»
2 сентябри соли равон Маъмурияти МОИ «Суғд» ба субъекти навбатии худ, ҶДММ «Саманди Суғд» Тасдиқнома супорид. Муассис ва директори генералӣ: шаҳрванди Чин ҷаноби Ма Ю Юн аз Junchi Machinery мебошад.
ҶДММ «Саманди Суғд» дар МОИ «Суғд» лоиҳаи истеҳсоли мошинаҳои барқӣ дар шакли мотосиклҳои барқӣ, мотороллерҳо ва мошинҳои хурди барқиро дар се марҳила бо сармоягузории умумии беш аз 300 ҳазор доллари ИМА амалӣ мекунад.
Ду марҳилаи аввали лоиҳаи сармоягузорӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр ё қисман ҷудошуда, ҷамъоварӣ ва фурӯши минбаъдаи онҳо дар бозори дохилӣ бо мақсади омӯзиши даромаднокӣ ва рақобатпазирӣ дар муқоиса бо истеҳсолкунандагони шабеҳ ва воридкунандагони чунин воситаҳои нақлиёт иборат аст.
Марҳилаи сеюм, ки барои соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, аз ҷамъоварӣ ё қисман истеҳсоли мотосиклҳои электрикӣ ва автомобилҳо тибқи меъёрҳои коркарди кофӣ дар кишварҳои ИДМ иборат аст.
Ҷамъоварӣ ва истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар таҷҳизоти замонавӣ ва мошинҳо, дар коргоҳҳои махсус муҷаҳҳаз бо ҷалби 30 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ бо назардошти омодагии онҳо ба роҳ монда мешавад. Шумораи коргароне, ки ба кор қабул мешаванд, сол то сол афзоиш ёфта, дар охири соли 2027 ба 300 нафар мерасанд.
Истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо пурра ба кор андохтани корхона дар як сол 1200 адад ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон ҶДММ «Саманди Суғд» ба омода намудани ҳуҷҷатҳои худ ва машғул аст.