МОИ «СУҒД»: МУҲОКИМАИ ИМКОНПАЗИРИИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲАИ ИННОВАТСИОНӢ ВА АЗ ҶИҲАТИ ЭКОЛОГӢ ТОЗА
Санаҳои 20 то 22 июли соли равон соҳибкори чинӣ Ма Ю Юн аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати шоносоӣ бо фаъолият ва бартариҳои МОИ «Суғд» ташриф овард. Ҷаноби Ма намояндаи ширкатҳои Junchi machinery ва Jinpeng, ки бо истеҳсоли автомашинаҳои барқӣ машғуланд, мебошад.
Зимни чанд вохӯриву гуфтушунид ба ҷаноби Ма ва шарики маҳаллии ӯ дар бораи МОИ маълумоти муфассал дода шуда, аз ҳудуди минтақа низ дидан ба амал баровада шуд.
Баъд аз боздид, меҳмонон имконияту имтиёзҳои дар МОИ фароҳамгаштаро баланд арзёбӣ намуда, хоҳиши худро ҷиҳати омӯзиши амиқи имконияти роҳадозии лоиҳаи истеҳсоли автомашина ва мотосиклҳои барқӣ дар зудуди МОИ, бо ҷалби шарикони чинӣ изҳор намуд.
Аз ҷониби Раҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” гуфта шуд, ки лоиҳаи мазкур қобили қабул ва имконпазир буда, тибқи қонун дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба намудҳои афзалиятноки фаъолият дар МОИ мувофиқат мекунад. Аз ҷумла, Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон чунин қайд намуд, ки Маъмурият ҳамеша ба чунин лоиҳаҳои навоварона таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба омода мебошад ва дар сурати зарурат тамоми маълумотҳоро иловатан дастрас менамояд.
Дар интиҳои вохӯрӣ Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба ҷаноби Ма Ю Юн барои таваҷҷуҳ ва рағбат изҳори сипос намуда, хотиррасон намуд, ки ҷаноби Ма пас аз мувофиқа кардани лоиҳа бо шарикони дигар ва тасмими ниҳоӣ, бояд лоиҳаи муфассали сармоягузориро таҳия намояд, ки дар асоси санҷиш ва таҳлили он Маъмурият ва мақомотҳои ваколатдори давлатӣ оид ба масъалахои МОИ дар Точикистон, қарорҳои муайян ва дахлдор қабул мекунанд.
Ҷаноби Ма Ю Юн, дар навбати худ барои пазироӣ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, чунин изҳор намуд, ки пас аз бозгашт ба Чин раванди омӯзиш ва машварат бо шарикони чиниро дар мавриди имкониятҳои ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли автомашинаҳои барқӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” суръат мебахшад.