Аёдати сарбозон, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои шаҳри Исфара ба муносибати Иди саиди Қурбон
Ба муносибати Иди саиди Қурбон ва дар остонаи 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Исфара бо роҳбари Маъмарияти МОИ «Суғд» Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба Қисми ҳарбии 02267 “А” Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қисми ҳарбии 0215 РҚС ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи таъиноти махсуси ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, “Чоркӯҳ” ҷиҳати аёдати сарбозон ташриф оварда, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои дар шаҳри Исфара амалкунандаи Қувваҳои мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии мамлакатро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзода табрик намуданд.
Муҳаммадзода Муҳамад Султон дар суҳбат бо афсарон ва сарбозон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубош дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, ҷавобан ба ин ғамхориҳо нақши афсарону сарбозон дар ҳимояи марзу буми кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ басо назаррас мебошад.
Дар идомаи аёдат барои сарбозону афсарон дар қисмҳои низомӣ дастурхони пурфайзи идона ороста шуда, маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.