ТАШРИФИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ (UCA)
29-уми майи соли ҷорӣ, як гурӯҳ донишҷӯёни бахши иқтисодӣ ва омӯзгорони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ воқеъ аст, ба МОИ «Суғд» ташриф оварданд.
Мақсад аз ташриф боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти яке аз минтақаҳои озоди рушдкарадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Меҳмонон дар рафти боздид, ба якчанд субъектҳои МОИ, аз ҷумла ба Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, ҶДММ «Азияполитекс», ҶДММ КМ ТТ «Арча-мебел» ва ҶДММ КМ ТТ «Фортуна-Ко» ташриф оварда, аз фаъолият ва молу маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос гардианд.
Дар рафти шиносоӣ, роҳбарияти субъектҳои мазкур ба меҳмонон тамоми маълумоти заруриро пешниҳод намуданд. Донишҷӯён зимни боздид ба фаъолияти субъектҳо рағбати калон зоҳир карда, ба маҳсулоти онҳо баҳои баланд доданд. Ҳама лаҳзаҳои ҷолиби шиносоӣ бо аксҳои хотирмон сабт гардиданд.
Дар фарҷоми ташриф донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони ҳамроҳи онҳо ба роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Суғд» ва субъектҳои он барои чунин имконият миннатдорӣ намуда, хоҳиши худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои минбаъда дар тарбияи мутахассисони оянда изҳор намуданд.