ҶУСТУҶӮИ ИМКОНИЯТҲОИ ШАРИКӢ БО ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ
Санаи 14 майи соли ҷорӣ, дар музофоти Синзяни Чин, Форуми байнулмилалии иқтисодӣ бо мақсади дарёфт ва роҳандозии шарикӣ бо соҳибкорон ва гурӯҳҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин намоиши дастовардҳои корхонаҳои маҳаллӣ дар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки бо ташаббуси Yiwu International Trade Group Co. (Ассотсиатсияи ширкатҳои тиҷоратии шаҳри Иу) созмон дода шудааст, оғоз гардид
Ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиш дар қатори шумораи зиёди вакилони кишваҳои хориҷӣ, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд – Муҳаммадзода Муҳаммад Султон низ даъват шуда буд.
Дар рӯзи нахустини Форум, пас аз маросими ифтитоҳӣ, меҳмонон аз Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Қашғар дидан намуданд, ки дар он байни роҳбарияти МОИ «Суғд» ва МОИ «Қашғар» ёддошти тафоҳум таҳти омӯзиш ва ҷустуҷӯи имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баъдан, вохӯрии иштирокчиёни Форум бо шахсони расмӣ ва соҳибкорони шаҳри Қашғар баргузор гардид, ки дар он имкониятҳои барпосозии ҳамкории ширкатҳои маҳаллӣ бо мамлакатҳои вакил, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти савдои мутақобилан судманд ва истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланд ва серталаб муҳокима карда шуд. Дар рафти нишастҳои мушаххасии B2B Роҳбари МОИ «Сугд» гуфтугузор бо якчанд соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои чинӣ баргузор намуд, ки дар онҳо имкониятҳо ва истиқболи ҳамкорӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди МОИ «Сугд» баррасӣ карда шуданд.
Дар охири рӯзи нахустини Форум ҷаласаи васеъи корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин ташкил карда шуда, дар он масъалаҳои муҳими барпо намудани ҳамкории дуҷониба муҳокима карда шуданд. Ҳамчунин, дар анҷоми ҷаласа якчанд ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони ду кишвари ба ҳам дӯст баста шуанд.
Кори Форум то санаи 21-уми май соли 2024 идома меёбад…