Сухани табрикотии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ба мардуми шаҳри Истиқлол

Сухани табрикотии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ба мардуми шаҳри Истиқлол

Сухани табрикотии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ба мардуми шаҳри Истиқлол

Санаи 10 апрели соли 2024 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба мардуми шаҳри Истиқлол баён намуда, чунин таманиётҳоро зикр намуд.

Иди саиди Фитр ифодагари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ – сабру таҳаммул, накўкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

 

Дар рафти суханронӣ Муҳаммадзода Муҳаммад Султон қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини ҷумҳурӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.

Воқеан ҳам, бунёд ва таъмиру азнавсозӣ намудани роҳу пулҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мактабу кӯдакистон, кофтани чоҳҳои амудӣ ва обёрӣ намудани заминҳо аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошад, ки анҷомдиҳандаи ин иқдом ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз ин амалҳои хайр савоб мегирад.

Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар идомаи суханони табрикотӣ иброз кард, ки боварии комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят дар оянда низ баҳри рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани азизамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳарвақта бештар  талош меварзанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ба самми иштирокдорону ҳамватанони гиромиро боз як бори дигар бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рўзии фаровон орзу намуд.

loading