ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА НОЗИРОТИ АНДОЗИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА МОИ “СУҒД”
23 юми феврали соли 2024 намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд Исломиддинов Х.М., Ҳусейнзода Б. ва муовини нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд Нуризода Ф. бо мақсади фаҳмонидани пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи дигар андозҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. дар маҷлисгоҳи Маъмурият намояндагони Раёсати андоз ва роҳбарону сармуҳосибони субъектҳои минтақаро хуш пазируфта ҷаласаи кориро ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Сипас, намояндаи Раёсати андоз дар вилояти Суғд Исломиддинов Х.М. баромад карда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Инчунин дар рафти ҷаласаи корӣ бо роҳбарону сармуҳосибони субъектҳои МОИ “Суғд” оиди масъалаҳо ва муаммоҳои мавҷуда саволу ҷавоб доир гардид.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд барои ташкил ва гузаронидани ҷаласаи корӣ изҳори миннатдорӣ карда, ба ҳама бурдбориҳо таманно намуданд.