ОБОДКОРӢ ВА ТОЗАКОРӢ ДАР МОИ “СУҒД”
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Наврузи байналмиллалӣ ва ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ санаи 10 феврали соли 2024 таҳти роҳбарии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. кормандони МОИ “Суғд” баҳри ободониву тоза нигоҳ доштани ҳудуди минтақа ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронид.
Дар рафти гузаронидани шанбегӣ ҷӯйборҳову заҳбурҳоро тоза карда, дар ҳудуди минтақа ва гирду атрофи он гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.
Корҳои ободонӣ дар ин самт пайваста идома доранд.