ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА САВДОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВА ШӮРОИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
18 январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» таҳди роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ , ҳайати намояндагони Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия ва Шӯрои доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолию тиҷоратӣ ташриф оварданд.
Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳоии МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” , ҶДММ “Азияполитекс”, ва ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.