ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

18  январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд. 

 Намояндагони маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Пас аз мулоқоти судманд соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой қайд намуданд, ки дар оянда хоҳиши субъекти МОИ “Суғд”  шуданро доранд.

Сипас, меҳмонон аз корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”,  ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

loading