Ташрифи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”
09 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Элза Пинёл ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода Суҳроб меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуда, иброз гардид, ки ҳамкориҳоро бо доираҳои тиҷоратии Фаронса вусъат дода мешавад.
Дар навбати худ Сафир, Элза Пинёл иброз намуд, ки барои густаришӣ ҳамкории дуҷониба кӯшиш намуда, дар ин самт бо доираи соҳибкории фаронса корбарӣ менамояд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти ва маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкатҳо аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” дидан намуданд.