СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТ БАРОИ ИСТИФОДАБАРӢ АЗ ҲУҚУКУ ИМТИЁЗҲОИ МОИ «СУҒД» БА ҶДММ «БИ АРК»

СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТ БАРОИ ИСТИФОДАБАРӢ АЗ ҲУҚУКУ ИМТИЁЗҲОИ  МОИ «СУҒД» БА ҶДММ «БИ АРК»

СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТ БАРОИ ИСТИФОДАБАРӢ АЗ ҲУҚУКУ ИМТИЁЗҲОИ МОИ «СУҒД» БА ҶДММ «БИ АРК»

9 октябри соли 2023 дар Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани Шаҳодатнома ба корхонаи нав, ки мақоми субъекти МОИ «Суғд»-ро тасдиқ мекунад, баргузор гардид. Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Ҳакимов Н.А. ба директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «БИ АРК» дар фаъолияташ муваффақиятҳо ва натиҷаҳои назаррасро орзу намуд.

Тибқи Лоиҳа истеҳсоли гаҷетҳои ороишии баландтехнологӣ барои нигоҳубин дар хона ба роҳ монда мешавад. Ҳаҷми сармоягузории ин корхона 90 миллион рублро ташкил медиҳад, ки 30% аз ҳисоби сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ ва 70% маблағҳои худи сармоягузори тоҷик амалӣ шудааст.

loading