ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО МОИ «МОГИЛЕВ»-И ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ВА МОИ «СУҒД»-И ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ, тибқи нақша – чорабинии тартибдодашуда, байни МОИ Суғд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва МОИ Могилёв (Ҷумҳурии Белорусия) вохурии маҷозӣ оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ байни МОИ “Могилёв” ва МОИ “Суғд” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби роҳбарони маъмурияти минтақаҳо: МОИ “Могилёв” – Ярсев А.В. ва МОИ “Суғд” – Камолиддинзода И.Ҷ. шунида шуд.
Сипас намояндагони маъмуриятҳои МОИ “Могилёв” ва МОИ “Суғд” оид ба имкониятҳои дуҷониб тариқи рӯнамо маълумот доданд.
Инчунин масъулини якчанд субъектҳои МОИ “Могилёв” ва субъектҳои МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶСК “Ариана Металл Пласт” тариқи рӯнамо доир ба корхонаи худ маълумот доданд.