ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ТУРКИЯ БА МОИ “СУҒД”
Ҳайати соҳибкорони Туркия 9 ноябри соли 2022 ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода Илёсиддин меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.
Дар доираи вохўрии мазкур меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Арча – мебел” ва ҶСК “Ариана Метал Пласт” дидан намуданд.