БИЗНЕС ФОРУМИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МИНТАҚАҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бизнес – форуми соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар форуми мазкур соҳибкорони вилояти Суғд, гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Россия ва ҳамзамон намояндагии Маъмурияти МОИ “Суғд” таҳти роҳбарияти Камолиддинзода И.Ҷ. иштирок варзиданд.
Дар рафти кори анҷуман баромадҳои муовини Раиси вилояти Суғд – Анвар Яъқубӣ, сардори Раёсати идораи амволи давлатӣ ва сармоягузории вилоят – Ахмедов Ш., муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия – Волвач Д., ноиб – президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия – Курочкин Д. ва президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ – Шагеев Р. шунида шуд.
Ҳамзамон дар доираи форум аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд молу маҳсулотҳои истеҳсолкардаашон ба намоиш гузошта шуда, инчунин барои намоиши молу маҳсулотҳои соҳибкорони Федератсияи Россия хаймаҳо ташкил гардиданд.