Иштироки намояндагони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар форуми тиҷоратии соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Тибқи барномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 8 – уми сентябри соли ҷорӣ дар Коҳи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ Форуми тиҷоратии соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода форумро ифтитоҳ ва меҳмононро хайрамақдам намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисодии вилоят маълумот доданд. Ҳамзамон қайд карданд, ки бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорони ду ҷониб бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Намояндагони МОИ “Суғд” низ дар форум иштироки фаъол намуда, аз тарафи муовини якуми роҳбари МОИ “Суғд” Зикриёзода Сӯҳроб доир ба фаъолият ва имтиёзҳои пешбинишуда дар МОИ “Суғд” тариқи рӯнамо иттилоъ дода шуд. Инчунин дар намоишгоҳи форум молу маҳсулотҳои истеҳсолшавандаи субъектҳои МОИ “Суғд” ба маърази тамошои иштирокдорон гузошта шуд.
Санаи 9 – уми сентябр форум идома ёфта, байни соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфтушунидҳо анҷом дода шуда, дар доираи он байни МОИ “Суғд” ва МОИ “Қӯқанд” – и вилояти Фарғона ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки бешубҳа барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мусоидат хоҳад намуд.