БОЗДИДИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МОГИЛЁВИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МОГИЛЁВ СТРАХАН РУСЛАН АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД”.
Зимни боздид аз вилояти Суғд, ҳайати калони соҳибкорон ва намояндагони вилояти Могилёв санаи 03 декабри соли 2021 ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварданд. Ҳайати намояндагони вилояти Могилёвро сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Денисенко Виктор Александрович ҳамроҳӣ мекард.
Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода Илёсиддин ҳамроҳи кормандони масъули минтақа, меҳмононро пешвоз гирифта, бо соҳибкорон ва намояндагони вилояти зикргардида, алалхусус бо муовини якуми Роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Моглиёви Ҷумҳурии Белорус Туз Максим Владимирович аз фаъолият, инфрасохтор ва имкониятҳои бештари сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуданд. Сипас дар доираи гуфтушунид байни ду минтақаҳои озоди иқтисоди ёддошти тафовум ба имзо расонида шуд ва дар ин васила ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қавитар гардид. Ин созиши ба имзо расида ба соҳибкорон ва сармоягузорон имконият медиҳад бо истифода аз технологияҳои муосир корхонаҳои нав бунёд намояд, ва ба рушди иқдисодиёти кишварҳо саҳми худро гузоранд.
Сипас Роҳбари Маъмурият меҳмононро аз субъектҳои минтақа ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат-боя” шинос карданд.
Бояд тазаккур дод, зимни боздид аз субъектҳои минтақа байни ширкатҳои ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат-боя” бо соҳибкорони вилояти Моглиёви Ҷумҳурии Белорус созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.