Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!!!
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо арзи эҳтироми беандоза Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон беҳтарин орзуҳои зиндагӣ, некрўзиву хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва бахту саодати рўзгорро таманно дорад.
Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияро арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ва натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён ҳисобидаанд.
Хоҳони онем, ки ин бахтномаи миллат ба фаъолияти ҳамешагӣ ва пурмасъулиятатон ҷиҳати рушди давлатдории навини тоҷикон, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дурахшонии фардои кишвар руҳу илҳоми тоза бахшад.