Боздиди директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия Шпиленко Андрей Викторович ба МОИ “Суғд”

Боздиди директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия Шпиленко Андрей Викторович ба МОИ “Суғд”

Боздиди директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия Шпиленко Андрей Викторович ба МОИ “Суғд”

4 октябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ Россия Андрей Викторович Шпиленко ва кормандонаш  аз МОИ «Суғд» дидан карданд.

         Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Зикриёзода Суҳроб ба меҳмонон дар бораи фаъолияти МОИ «Суғд», хусусан дар бораи фазои сармоягузорӣ, имтиёҳои андозӣ, инфрасохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолияти МОИ, лоиҳаҳои барои беҳтар кардани ҷолибияти  инвеститсионӣ равонагардида, маҳсулоти истеҳсошаванда дар субектҳо ва дигар масъалаҳо маълумот дод.

        Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарон ва мутахассисони шӯъбаҳои Маъмурияти МОИ «Суғд» иштирок карданд, ки ба меҳмонон дар бораи фаъолияти шӯъбаҳои худ маълумоти муфассал доданд.

         Дар навбати худ, Андрей Шпиленко барои маълумоти пурра изҳори миннатдорӣ карда, дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ, ки ба нафъи ҳарду ҷониба мебошанд, қайд кард.

          Меҳмонон инчунин қайд карданд, ки онҳо дар идомаи ҳамкорӣ кушиш хоҳанд кард, то дар рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тадқиқот ҳамкорӣ кунанд, таҷрибаҳои байналмилалиро амалӣ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ якдигарро дастгирӣ ва кӯмак расонанд.

         Дар идомаи вохӯрӣ барои меҳмонон боздид аз як қатор корхонаҳои ҳудуди минтака ташкил карда шуд, ки онҳо бо фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои ҶСК “Ариана Метал Пласт”, ҶДММ “Фартуна и КО” ва  ҶДММ «Тадж Проф» шиносои пайдо намудаанд.

        Қобили зикр аст, ки будубоши коршиносони Ассотсиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва ММИ-и Россия дар МОИ «Суғд» бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ сурат гирифт.  

loading