Ташрифи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ба МОИ “Суғд”
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд санаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу санаи 5 августи соли ҷорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуд.
Дар оғози вохӯрӣ ба меҳмонон маълумот оид ба фаъолияти МОИ “Суғд” дода шуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҷолиби диққати меҳмонон муҳокима карда шуд. Махсусан, масъалаҳои фароҳам овардани боз ҳам шароити мусоид барои сармоягузорон тариқи барқарор намудани инфрасохтор, лоиҳаҳои рушд ва ғайра муҳокима карда шудаанд.
Яке аз масъалаҳои баррасишуда дар вохӯрӣ, ки ба он диққати асосии ҳарду ҷониб равона гардид, ин ҷори намудани нақшаҳои рушди иқтисодии «сабз» дар раванди истеҳсолот, ки он барои баланд бардоштани самаранокии ва сарфакории барқ дар раванди истеҳсолоти субъектҳои МОИ буд. Инчунин дар рафти вохӯри ҷиҳатҳои мусбии ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур дида шуда, қайд гардид, ки он барои паст намудани хароҷоти корхона ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақа равона месозад.
Дар навбати худ хонум Сезин Синаноглу барои қабул изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба МОИ “Суғд” буда, ва ният дошт, ки оиди рушд ва фаъолияти МОИ, амалишавии лоиҳаҳои афзалиятнок хабардор гардида ва зикр намуд, ки тамоми кӯшишҳоро барои пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияти МОИ «Суғд» дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ равона хоҳад кард.
Дар ҷараёни сафар меҳмонон аз як қатор корхонаҳои ҳудуди МОИ “Суғд” дидан карда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳо шинос шуданд.