Сафарҳои омӯзиши кормандони литсейҳои касбии техникӣ ба корхонаҳои саноатии МОИ «Суғд» тибқи амалишавии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»
Санаҳои 5 ва 10 июни соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташкили сафарҳои омӯзишӣ ба корхонаҳои саноатӣ, бо иштироки омӯзгорони литсейҳои касбӣ, устоҳои таълими истеҳсолӣ, роҳбарони литсейҳои шаҳру ноҳияҳои миқёси ҷумҳурӣ барпо гардид.
Сафари омӯзиши тибқи талаботи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ҷонибдори гардида, мақсади асосии он шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, технологияҳои муосири саноатӣ ва тақвияти ҳамкори муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён, барои кормандони муассисаҳои таълими низоми таьсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.
Роҳбари Маъмурият Камолиддинзода И. меҳмононро дар толори маҷлисгоҳ пешвоз гирифта ба иштирокчиён оид ба шарту шароитҳои МОИ «Суғд», имтиёзҳо ва имкониятҳо мавҷуда маълумоти пурра пешниҳод намуд.
Дар навбати худ роҳбари гуруҳи мазкур Бобоев Сангин оид ба ташкил намудани чунин сафарҳои омӯзиши, ҳадафи он ва оид ба Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ҳарф зад ва дар рафти вохӯри бо иштирокчиён мулоуот гузаронида шуд, ки дар он онҳо ба саволҳои худ посухи мушахас гирифтаанд.
Пас аз муаррифии фаъолияти МОИ «Суғд» тибқи барномаи ташриф, меҳмонон аз якчанд корхонаҳои МОИ «Суғд» дидан намуданд. Меҳмонон аз рафти фаъолият ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҶСК “Ариана Металл Пласт”, ҶДММ КМ «Силкоат бойя», ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”,ҶДММ «Стар пласт» шинос шуда, ба сифати маҳсулу корбарии онҳо баҳои баланд дода, бо роҳбарони коргоҳ оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ мувофиқи талабот ҳамсӯҳбат гардидаанд.
Бояд қайд карда шавад, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар панҷ бахши афзалиятноки иқтисодиёт яъне энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмон ва сайёҳӣ чунин сафарҳои омӯзиши амали гардонида истодааст.
Инчунин сафарҳои омӯзиши дар корхонаҳои саноатии берун аз МОИ «Суғд» ба ҶСК “Қолинҳои Гулистон”, ҶДММ “Органик Ян” (дар ноҳияи Ҷаббор Расулов), ҶДММ “Ҷавонӣ”, Нассоҷи Хуҷанд, Корхонаи коркарди гӯшт ҶДММ “Кабири Хуҷанд” ташкил карда шудаанд.