Соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо, инчунин намояндагиҳои онҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ки қонунгузории ҶТ пешбинӣ намудааст метавонанд субъекти МОИ «Суғд» шаванд, агар:
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо (намуна)
- Ариза дар шакли аз ҷониби Маъмурияти МОИ “Суғд” тасдиқшуда
- Варақаи маълумотномаи ташкилот
- Анкета-дархост барои гирифтани тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”
- Қоидаи таҳияи бизнес-нақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешниҳод мегарданд
- Варақаи бизнес-нақша
- ШАРТНОМА оид ба бурдани фаъолият дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”
Арзиши тасдиқнома ба ҳама намудҳои фаъолият, новобаста аз ҳаҷми истеҳсолот ва гардиши мол, 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тасдиқномаи қайди субъекти МОИ “Суғд” ба мӯҳлатҳои зерин дода мешавад:
- тасдиқнома барои фаъолияти тиҷоратӣ ба мӯҳлати 10 сол;
- тасдиқнома барои фаъолияти истеҳсолӣ ба мӯҳлати 15 сол.
Бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин таҳия гардида, ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошад:
- ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ бояд зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА бошад;
- таҷҳизоту техникаи истеҳсолии воридшаванда бояд 90 фисад аз хориҷа бошад;
- мӯҳлати барориши таҷҳизоти истеҳсолӣ на бояд аз 3 сол зиёд бошад;
- ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти воридотӣ-содиротӣ на кам аз 50 ҳазор доллапи ИМА;
- ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти хизматрасонӣ на кам аз 10 ҳазор доллари ИМА;
- оғози истеҳсоли маҳсулот на дертар аз 3 сол баъд аз гузаштани қайди давлатӣ.