Сиёсати муҳоҷират

Субъекти МОИ ҳуқуқи ҷалби қувваи кориро аз хориҷа ба вазифаҳои роҳбарият ва ҳайати техникӣ дорад, вале шумораи кормандони хориҷӣ набояд аз 20 фоизи шумораи умумии кормандон зиёд бошад.

Дар ҳудуди МОИ “Суғд” низоми соддакардашудаи вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо (мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба МОИ) дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, амал мекунад, ки аз инҳо иборат аст:

  • тахфифи 50-фоиз ба пардохтҳои консулӣ;
  • мӯҳлати кӯтоҳ барои баррасии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати додани раводиди воридотӣ ва хуруҷ;
  • тартиби соддакардашудаи судури раводид ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон барои кору фаъолият дар МОИ “Суғд” меоянд.

 

Тартиби гирифтани равдодид ба шаҳрванди хориҷие, ки барои кор дар МОИ ташриф меорад

Қоида доир ба тартиби барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд

Низоми раводид бо мамлакатҳои хориҷӣ

Варақаи раводид

Миқдори хироҷҳои консулӣ

loading