Шӯъбаи иттилоот

ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК ВА ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ МИНТАҚАИ УРАЛИ ҶАНУБИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК ВА ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ МИНТАҚАИ УРАЛИ ҶАНУБИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

12 майи соли 2023 гуруҳи соҳибкорон аз вилояти Челябински Федератсияи Россия, бо роҳбарии муовини Губернатори вилояти Челябинск Сушков С. Ю. ва Президенти Палатаи савдо ва саноати минтақаи Урали ҷанубӣ Дегтярёв Ф. Л., якҷо бо муовини Раиси вилояти Суғд  Яъқубӣ А. ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.  Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд”  Зикриёзода С. меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.

Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”,  ва ҶСК “Ариана Металл Пласт” дидан  намуданд.

 

Маълумоти бештар
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ СУҒД ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

27-28 апрели соли 2023 намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми дуюми байналмиллалии сармоягузории Тошканд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи форуми мазкур намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд” дар панелҳои алоҳидаи он вобаста ба мавзӯъҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди пӯст, савдои электронӣ ва неъруӣ сармоягузории шаҳри Тошканд иштирок намуданд.

 

Ҳамчунин дар раванди чорабинӣ бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои Ӯзбекистон, Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия, ИМА, Чопон, Иордания, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон гуфтушунидҳои судманд анҷом дода, оид ба фазои хуби сармоягузорӣ ва афзалиятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо мақсади  таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” маълумот дода шуд.

  

Маълумоти бештар
БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАИ  ҲАМКОРӢ БАЙНИ МД ММОИ «СУҒД»  ВА КЛАСТЕРИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН

БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ МД ММОИ «СУҒД» ВА КЛАСТЕРИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН

3 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И.Ҷ. бо ҳайати Кластери саноатии Ҷумҳурии Тотористон вохӯрӣ оиди ҳамкорӣ баргузор намуд.

  

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор мавзӯъҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва роҳандозии шарикии дарозмуддатро баррасӣ намуданд.

 

 

Дар натиҷаи вохўрӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолиддинзода И.Ҷ. ва Раиси Раёсати Кластери саноатии Ҷумҳурии Тотористон Майоров С.В. баста шуд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁГИИ PУШД БА МОИ “СУҒД”

28 апрели соли 2023 ташрифи намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сардории мушовири байналмилалӣ Ҷаноби Энди Джи ва мушовири маҳаллӣ хонум Ёқубзода Фарида ба МОИ “Суғд” доир гардид.

 

Дар ҷаласа роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Эшонов Хайём сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор роҳбарону намояндагони субъектони МОИ “Суғд” иштирок доштанд.

   

Дар доираи ҷаласа роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ва намояндагони субъектҳои минтақа, бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд ҷиҳати набудани роҳи оҳан дар ҳудуди минтақа, ва мушкилоти воридоту  содирот намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи субъетҳо аз ҳудуди минтақа баррасӣ гардид. Зимни гуфтушунидҳо дар доираи ҳали масъалаи дар боло зикргардида ва бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳо шунида шуд.      

 Дар охир меҳмонон бо раванди фаъолияти як қатор субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Азияполитекс” шиносоӣ пайдо намуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПАЛАТАИ САВДОИ ИТАЛИЯ – РОССИЯ ҶАНОБИ ФЕРДИНАНДО ПЕЛАЦЦО

ТАШРИФИ ДОИРАИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПАЛАТАИ САВДОИ ИТАЛИЯ – РОССИЯ ҶАНОБИ ФЕРДИНАНДО ПЕЛАЦЦО

27 апрели соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи соҳибкории Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдои Италия – Россия ҷаноби Фердинандо Пелаццо бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.

 

Эшонов Хайём сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимов Н.А. муовини роҳбари  Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, вохурии судманд гузаронида, тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.

   

   

Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” ва ҶСК “Ариана металл пласт” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.

   

Дар охир аз тарафи роҳбарияти МОИ “Суғд” ба меҳмонон оиди ташкили корхонаҳои муштарак байни Тоҷикистону Италия таклифҳо пешниҳод карда шуд, ки онро меҳмонон хуш пазируфта, барои ҳамкории дуҷониба дар оянда  изҳори розигӣ баён намуданд.

 

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ ГУРУҲИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ГУРУҲИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ОЛТОЙИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

12 апрели соли ҷорӣ гуруҳи соҳибкорон таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Олтойи Федератсияи Россия ҷаноби Чесноков Б.А. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имтиёзу афзалиятҳои МОИ “Суғд” дидан намуданд.

Роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶСК “Ариана металл пласт” ва ҶДММ “Фортуна Ко” шинос намуданд.

Баъди боздид меҳмонон изҳори хоҳиши ҳамкорӣ намудан бо субъектҳои МОИ “Суғд” – ро намуданд.

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ ҶДММ “ПОЛИТРЕЙД” – и ШАҲРИ ТОЛЯТТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ ҶДММ “ПОЛИТРЕЙД” – и ШАҲРИ ТОЛЯТТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”

11 апрели соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» муовини директори ширкати ҶДММ «Политрейд»-и шаҳри Толяттии Федератсияи Россия, ҷаноби Погребной А.А. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва  ҳамкорӣ намудан ташриф овард.

Инчунин, дар рафти сафари худ Погребной А. А. бо як қатор субъектҳои  муваффақ ва калонтарин, аз қабили ҶДММ «Азияполитекс», ҶДММ «Арча Мебел», ҶДММ «Тоҷикполиэтилен» шинос шуда, хоҳиши ҳамкорӣ бо субъектҳои номбаршударо изҳор намуд.

 

Маълумоти бештар

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНОАТИИ НАВ ДАР МОИ “СУҒД” БО ИШТИКОРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ҶАНОБИ ОЛӢ – МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маълумоти бештар
ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МОИ “СУҒД”

Санаи 23-24 марти соли ҷорӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода А.А. ба МОИ ” СУҒД” ташриф оварда, аз раванди омодагии ҶДММ ” Азияполитекс” барои ифтитоҳи расми шинос гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани корхона барои оғози фаъолият ба роҳбарияти МОИ “СУҒД” ва корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маълумоти бештар
loading