Шӯъбаи иттилоот

Нишасти матбуотӣ дар Маъмурияти МОИ “Суғд”

Нишасти матбуотӣ дар Маъмурияти МОИ “Суғд”

      7-уми феврали соли 2025 дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар соли 2024 баргузор гардид. Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон намояндагони ВАО-ро хайрамақдам намуда, барои ҳамкориашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

   

     Зимни баромад Муҳаммадзода Муҳаммад Султон қайд намуданд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” дар соли 2024 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди  иқтисодии “Суғд”,  Нақшаи кории минтақа барои соли 2025 тадбирҳои заруриро роҳ андозӣ  намуд. 

  

     Дар соли 2024 дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 7 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, ки шумораи умумии субъектон ба  41 адад расида, 21 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд. Маҷмӯмаи маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 ба 442 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 125,2%  ё 89,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давраи ҳисоботӣ ба 4,4 миллион сомонӣ расонида шуд. Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ ба 141,5 миллион сомонро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 105% ё 6,7 милион сомонӣ зиёд мебошад.

  

       Дар соли 2024 ҳаҷми сармоягузории мустақим 47,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 147,8% ё 15,3 миллион сомонӣ зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 218,3 миллион сомонӣ баробар гардид.

  

 

      Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ “Суғд”, 930 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба 20 ҷойи кории нав ё 102,2% зиёд мебошад.

    Қайд кардан ба маврид аст, дар рафти нишасти матбуотӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон  бо субъекти нав ҶДММ “Сайёҳи Суғд” шартномаи фаъолиятро ба имзо расонида, Тасдиқномаи МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхонаи мазкур  супорида шуд. Намояндагони ВАО бо намояндаи муассиси ҶДММ  “Сайёҳи Суғд”  Юрий Косолап  ҳамсӯҳбат шуда, доир ба фаъолияташон маълумотҳои мушаххас гирифтанд.

    

 

     Дар анҷом роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони ВАО изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён намуданд.

    Тибқи барномаи Маъмурият ба намояндагони ВАО пресс-тур ташкил карда шуд, ки намояндагони расонаҳои чоппиву электронӣ  бо роҳбару намояндагони субъекҳои МОИ “Суғд”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ “Азия политекс” ҳамсӯҳбат гардида, аз рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои нави сохтаистодашаванда дар МОИ “Суғд” дидан намуданд.

      

 

 

 

 

 

 

 

Ташрифи Директори ширкати байналмиллалии “ANT GROUP” ҷаноби Даулеткулов Н.Т. ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Директори ширкати байналмиллалии “ANT GROUP” ҷаноби Даулеткулов Н.Т. ба МОИ “Суғд”

Ташрифи Директори ширкати байналмиллалии “ANT GROUP” ҷаноби Даулеткулов Н.Т. ба МОИ “Суғд”

  Санаи 30-юми январи соли 2025 ташрифи Директори ширкати байналмиллалии “ANT GROUP” дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Даулеткулов Нурдаулет Тасболатович ба Маъмурияти МОИ “Суғд” доир гардид. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Пас аз мулоқоти судманд меҳмонон қайд намуданд, ки дар оянда баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аз шароити мусоди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ҳамкорӣ менамоянд.

 

       

   

 

Ташкили шанбегии дастаҷамъона дар МОИ “Суғд”    

Ташкили шанбегии дастаҷамъона дар МОИ “Суғд”    

 

    Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд”  тибқи супориши Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, бахшида ба истиқболи иди байналмиллалии Наврӯз ва ҳамчунин ташрифи меҳмонони олиқадр (Президентҳои сарони давлатҳои ҳамсояи  Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ба шаҳри бостонии Хуҷанд корҳои ободонию кабудизоркуниро дар ҳудуди МОИ “Суғд” ташкил намуда, ҳар ҳафта шанбегиҳоро гузаронида истодааст. Санаи 1 уми феврали соли 2025 таҳти Роҳбарии Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо аҳли кормандони Маъмурият ва ҳамчунин субъектони минтақа шанбегӣ доир карда шуд. Дар шанбегии мазкур зиёда аз 250 ниҳолҳои ҳамешасабз дар шафати роҳи автомобилгарди дохилии минтақа шинонида шуд.

 

                               

 

                         

  

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ИҶРОИ АМРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД  “ОИД БА ТАЪСИСИ ГУРУҲИ КОРӢ  БАРОИ АЗ ҲУДУДИ МОИ “СУҒД” БАРОВАРДАНИ  СОҲИБМУЛКОНЕ, СУБЪЕКТИ МИНТАҚА МАҲСУБ НАМЕЁБАНД ”

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР БА ИҶРОИ АМРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД  “ОИД БА ТАЪСИСИ ГУРУҲИ КОРӢ  БАРОИ АЗ ҲУДУДИ МОИ “СУҒД” БАРОВАРДАНИ  СОҲИБМУЛКОНЕ, СУБЪЕКТИ МИНТАҚА МАҲСУБ НАМЕЁБАНД ”

Тибқи иҷроиши Амри Раиси вилояти Суғд  таҳти №228 амр, аз санаи 1 октябри соли 2024 дар бораи “Аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Суғд баровардани соҳибмулконе, ки субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ маҳсуб намеёбанд”, дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ ва аъзоёни гуруҳи корӣ баргузор гардид.

Сараввал муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, ҷиҳати баррасии Амри Раиси вилоят гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, хозиринро ба ҳайати он шинос намуданд.

Зимнан роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” баромад намуда, қайд карданд, ки дар ин маврид чандин маротиба ҷаласаҳову вохӯриҳо қаблан гузаронида шуда буд.

Дар рафти ҷаласа ҳайъати гуруҳ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, таклиф пешниҳод намуданд, ки тибқи талаботи муқарраргардида масъалаи мазкурро баррасӣ намоянд.

Дар натиҷа ба гуруҳи корӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати гузаронидани инвентаризатсия байни субъектон ва ғайрисубъектоне, ки дар ҳудуди МОИ “Суғд” фаъолият менамоянд якҷо бо кумитаи идораи замин ва геодезии вилоят  ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати бастани шартнома бо корхонаи мазкур ва гузаронидани инвентаризатсияи ҳудуди МОИ “Суғд” корбарӣ карда шавад.

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Тибқи иҷроиши супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 20 январи соли равон дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” Роҳбари минтақа Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҷаласаи корӣ доир ба ҷамъбасти соли 2024 ва вазифагузориҳои минбаъда барои соли 2025 баргузор гардид.
Роҳбари маъмурият аз нишондодҳои соли 2024 гуфта гузашта, қайд намуданд, ки дар соли 2025 як қатор вазифаву нақшаҳоро корбарӣ намуда, ҷиҳати иҷроиши он чораҳои зарурӣ андешида шавад.
– зиёд намудани сармоягузрӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;
– ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд”;
– то 1 июни соли равон пурра гузаштан ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ғайра
Аз натиҷаи ҷаласаи корӣ нақша – чорабинии Маъмурият барои нимсолаи аввали соли 2025 тартиб дода шуд.

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “САНГ ОРО”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “САНГ ОРО”

Дар арафаи соли нави мелодӣ боз як субъекти нав ҶДММ “Санг Оро” соҳиби Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд” гардид. Корхонаи мазкур бо коркарду ороиши санг машғул буда, сармоягузорӣ пурра аз тарафи соҳибкорони ватанӣ амалӣ карда мешавад.
МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” СУБЪЕКТОНИ ФАЪОЛИ ХУДРО ҚАДРДОНӢ НАМУД

МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” СУБЪЕКТОНИ ФАЪОЛИ ХУДРО ҚАДРДОНӢ НАМУД

Бо ташаббуси Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар арафаи соли нави милодӣ ба субъектони фаъоли минтақа барои гузоштани саҳми назаррас дар пешрафту тараққиёти МОИ “Суғд” ва иштироки фаъол санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар Форуми байналмиллалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуд.

  
Дар бинои Маъмурият роҳбари минтақа ба субъектони зерин: ҶДММ “Сайр Суғд”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ “Стар Пласт”, ҶДММ “Равзана Пласт” Сипосномаҳоро ботантана супориданд ва ба корҳои ояндаи субъектон муваффақият ва пешравиву бурдбориҳо таманно намуданд.

 

АЁДАТИ  КУДАКОНИ МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ  КАР ВА ШУНАВОИАШОН СУСТИ БА НОМИ Т. ҒАФФОРОВ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

АЁДАТИ КУДАКОНИ МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ КАР ВА ШУНАВОИАШОН СУСТИ БА НОМИ Т. ҒАФФОРОВ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

26 декабри соли ҷорӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба мактаб – интернат барои кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои табрикот ва тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ ва баргузор намудани чорабини бахшида ба Соли нави мелоди равона рардид.
\  
Зимни иштирок Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо роҳбарият ва тарбиятгарони ин муассиса шинос гардида, аз рафти таҳсили ва донишомӯзии хонандагони ин муассиса дар синфхонаҳо дидан намуд. Дар рафти шиносои Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо шароити таҳсил, синфхонаҳои компутери ва маҳфилҳои ташкил шуда аз лиҳози маҳфилҳои дарздӯзӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, шоҳмотбозӣ, дидан намуда, аз корҳои дастӣ ва рассомии тарбиятгирандагон шиносои пайдо намуд. Наврасони дӯстдори бозии шоҳмот ба меҳмонон шоҳмотбозӣ ва духтаракон маҳорати пухту пазро нишон доданд.
   
Сипас чорабини бахшида ба соли нав бо баромади рангини хонандагони ин муассиса аз рӯи барнома оғоз гардид. Дар рафти чорабини ба Роҳбари Маъмарият сухан дода шуд, ки Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо сухани табрикотии Раиси вилоят Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуда, дар рафти табрикот оид ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони осебпазири кишварамон ёдовар шуд ва илова намуд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тарбияи насли наврас имкониятҳои заруриро фароҳам оварда истодааст.
Дар фарҷоми чорабини Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба наздик 300 нафар тарбиятгарони ин муассиса туҳфаҳои солинавӣ эҳдо намуда, инчунин барои онҳо дастурхони идона низ, ороста шуд.
Дар фарҷоми чорабини толибилмон ҷавобан барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Муҳаммадзода Муҳаммад Султон арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
БАҚАЙДГИРИИ СУБЪЕКТИ НАВБАТӢ  ҶДММ “БУНЁДИ СУҒД” ДАР МОИ “СУҒД”

БАҚАЙДГИРИИ СУБЪЕКТИ НАВБАТӢ  ҶДММ “БУНЁДИ СУҒД” ДАР МОИ “СУҒД”

19 декабри соли ҷорӣ дар бинои маъмурияти МОИ «Суғд» аз ҷониби роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба соҳибкори маҳаллӣ Розиқов Абдуҷалил Раҳимбоевич Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» супорида шуд.

 

Корхонаи мазкур ҶДММ “Бунёди Суғд” бо савдои яклухти ҳамагуна молҳои маишӣ, саноати коркарди филизот ғайр аз истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ машғул буда, сармояи субъекти мазкур зиёда аз 1,2 млн.сомонӣ буда, пурра аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Роҳбари минтақа ба соҳибкор дар кораш барору комёбӣ таманно намуда, омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷонибаи Маъмурият изҳор дошт.

loading